Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати Талко дар пайи қатъ шудани интиқоли гази Узбакистон ба ин корхона машғули кашонидани ангиштсанг аз кони "Зиддӣ" дар Варзоб мебошад.

Талко, бузургтарин масрафкунандаи гази табиии Узбакистон дар Тоҷикистон, мегӯяд, воридоти газ ба ин корхона қатъ шудааст. Ин корхона солона 45-50 миллион метри мукааб газ масраф мекунад. Узбакистон қаблан эълон карда буд, ки ба далели мавриди иҷро қарор гирифтани созишномаи фурӯши газ ба Чин имкони содир намудани гази табиӣ ба Тоҷикистонро надорад.

Игор Сатторов, сухангӯи ширкати Талко мегӯяд, дар ҳоли ҳозир музокирот барои аз сар гирифтани интиқоли газ идома дорад. "Дар ҳақиқат интиқоли газ ба корхона қатъ шудааст ва дар ҳоли ҳозир мо роҳҳои ҳалли ин масъаларо ҷустуҷӯ дорем. То ҷое иттилоъ дорем, музокирот дар ин маврид бо ҷониби Узбакистон идома дорад",-афзуд ӯ.

Аз ҳафт-ҳашт соли пеш ба ин сӯ, мизони интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистон коҳиш ёфта буд. Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ва бархе аз навоҳии атрофи он пеш аз ин комилан ба гази Узбакистон таъмин буданд, аммо аз чанд сол ба ин сӯ, танҳо 1000 хонавода дар маркази шаҳр аз газ истифода мекарду халос. Масрафкунандаи аслии гази табиии Узбакистон -- Талко, корхонаи Семент ва Тоҷиказот буданд.



Игор Сатторов

Игор Сатторов

Гуфта мешавад, ҳоло Талко дар талош аст, аз манобеи алтернативии энержӣ ба ҷои газ истифода кунад ва ба ин манзур, аз чанд муддат ба ин сӯ, машғули кашонидани ангиштсанг аз кони "Зиддӣ" дар Варзоб ба маҳалли корхонаи алюминий дар шаҳри Турсунзода мебошад. Аммо ба гуфтаи шоҳидон феълан фаромадани тарма дар чанд ҷои ин роҳ ҳаракати мошинҳои ангишткаши Талкоро дучори мушкил кардааст. Як манбаъ дар Талко гуфт, феълан техника ва шароити тавлиди газ аз ангиштсанг дар назди корхонаи алюминий фароҳам шудааст, аммо боз ҳам манобеи алтернативӣ наметавонад ниёзҳои ин корхонаро ба гази табиӣ бароварда кунад.

Ба ҳар ҳол, истифода аз ангишт ба ҷои газ дар корхонаи Талко ба унвони як гузинаи аслӣ матраҳ аст. Ҳайдар Сафиев, мудири Пажӯҳишгоҳи металлургияи марбут ба Талко мегӯяд, истифода аз ангишт барои тавлиди газ танҳо дар ҳоли озмоиш аст. Ӯ гуфт, "ҳамон миқдори карбоне, ки дар таркиби ангишт ҳаст, ба моддаҳои фоиданоки сӯзанда табдил мешавад, аз назари стехиометрияи химиявӣ." Ҷаноби Сафиев мегӯяд, ҳоло ҳисоб нашудааст, ки барои таъмини Талко ба газ, рӯзона ба коркарди чӣ миқдор ангишт ниёз аст.

Ба ҳар сурат, ба гуфтаи коршиносон, агар Узбакистон барои додани газ розӣ нашавад, танҳо роҳе, ки боқӣ мемонад, интиқоли газ аз Қӯрғонтеппа ба Регар ва истифода аз ангишт хоҳад буд. Мақомоти Тоҷикистон низ дар талошанд, роҳи истифода аз манобеи алтернативиро фароҳам кунанд. Ба ин манзур, қарор аст, рӯзи 4-уми апрел "Қонуни ангишт" дар Маҷлиси Намояндагон марвиди баррасӣ қарор бигирад ва қабул шавад. Тоҷикистон ҳудуди 5 миллиард тонна захираи ангишт дорад. Ҳадаф аз ин иқдом фароҳам кардани замина барои гузаштан ба истифодаи ангишт ба унвони як манбаи аслии энержӣ мебошад.

Исмоил Талбаков

Исмоил Талбаков

Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси Намояндагон ва аз муаллифони тарҳи мазкур мегӯяд, "бо таваҷҷуҳ ба он эмбаргое, ки аз сӯи ҳамсоя шуда истодааст, моро ҳаёт маҷбур мекунад, ки ба истифодаи ангишт рӯ орем ва аз он бештар истифода барем. Корхонаҳои саноатӣ, аз қабили корхонаи семент, корхонаи хишт, корхонаи алюминий ба таври таъҷилӣ бо истифода аз имконотӣ дохилӣ бояд барои бо қувваи ангиштсанг ба роҳ мондани тавлидот ба ҷои газ махсус гардонида шаванд."

Ба гуфтаи ҷаноби Талбаков феълан Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор тонна ангишт тавлид мекунад ва дар сурати дар авлавият қарор додани ин соҳа метавонад дар зудтарин фурсат ангиштро ҷойгузини гази табиӣ ва дар бархе маврид нафт кунад. Имтиёзе, ки Тоҷикистон дорад, ин аст, ки мегӯянд, коршиносон аксари конҳои ангишти кишвар конҳои боз ҳастанд ва дар рӯи замин ва барои коркарди онҳо кофтани замин зарурат надорад. Фақат сохтмони роҳҳо барои интиқоли он бояд ба зудӣ анҷом шавад.

Аммо аз сӯи дигар бархе коршиносон эътиқод доранд, ки имрӯз мавзӯи манобеи энержӣ аз масъалаи иқтисодӣ фаротар рафта ва ба як баҳси сиёсӣ табдил шудааст. Қатъи интиқоли газ аз Узбакистон умтадан ангезаи сиёсӣ дорад. Ба ин васила Узбакистон мехоҳад, то мақомоти Тоҷикистон ба хостаҳои он гӯш фаро диҳанд.

Давлатмурод Ҷумъаев

Давлатмурод Ҷумъаев

Давлатмурод Ҷумъаев, раиси Анҷумани ҳимоят аз соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, "аз як тараф Русия нархи сӯзишвориро баланд кард, аз сӯи дигар Узбакистон газро қатъ намуд. Ба назарам, ин ҷо фишорҳои сиёсӣ ҳам ҳастанд. Зеро Тоҷикистон дар чанд маврид, аз ҷумла дар масъалаи Роғун ба онҳо имтиёз надода истодааст. Барои ҳамин фишор ворид мекунанд. Як масъалаи дигар ҳам ҳаст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар Душанбе тавофуқ карданд, ки роҳ боз мекунем. Шояд акнун Узбакистон мехоҳад иқтидори худро нишон диҳад."

Ба ҳар сурат, агар имрӯз музокироти ду ҷониб барои аз сар гирифтани интиқоли газ ба натиҷа нарсад, сангинтарин зиён ба корхонаи Талко ва кохонаи тавлиди сементи Душанбе ворид хоҳад шуд. Аммо бо интиқоли дубораи газ корхонаи семент метавонад тавлидотро дубора фаъол намояд. Вале коршиносон мегӯянд, дар сурати қатъи газ ва аз кор мондани дегҳои алюминигудозии Талко, дубора фаъол кардани ин корхона мушкили азиме пеш хоҳад овард.

Талко бузургтарин корхонаи санъатии минтақа ва яке аз даҳ корхонаи муҳимтарини тавлидкунандагони алюминий дар ҷаҳон мебошад. Ин корхона солона имкони тавлиди то 450 ҳазор тонна алюминийро дорад. Содироти алюминий 60 дарсади ҳаҷми умумии содироти моли Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Масъулини Талко иддао мекунанд, ки воридоти аслии арзи хориҷӣ ба Тоҷикистон аз содироти алюминий ба даст меояд. Аммо роҷеъ ба масрафи даромади ин корхона ва мизони молиёт (андоз)-и он баҳсу гуфтумон ва шубҳаву гумони зиёде дар расонаҳо вуҷуд дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG