Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Маҷмаи умумии Созмони Милал меъёрҳои хушбахтӣ ва таъсири рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳо дар хушбахтии инсонҳо баррасӣ мешавад.

Вақтҳои ахир баъзе коршиносон ва кишварҳо бар ин хулоса расидаанд, ки танҳо дороӣ, яъне пулу мол наметавонад таъйинкунандаи меъёри хушбахтии инсон бошад.

Дар Маҷмаи умумии СММ ин масъаларо дар намунаи Бутан баррасӣ мекунанд. Раҳбари ин кишвар гуфтааст, рушди кишварҳоро на аз рӯи маҷмӯи даромади нохолиси миллӣ, балки аз рӯи маҷмӯи хушбахтии миллӣ бояд арзёбӣ кард. Ҳоло Бутан ақибмондатарин кишвари дунё аз рӯи меъёри хушбахтӣ дар ҷаҳон дар зинаи ҳаштум ва дар Осиё дар зинаи аввал қарор дорад.

Ҳангомаи Ислом, як сокини вилояти Хатлон мегӯяд, пулу молро барои худ ва хонаводааш меъёри хушбахтӣ намешуморад: “Дар баробари занҳои дигаре, ки худро хушбахт ҳисоб мекунанд, ман ҳам хушбахт ҳастам. Абатта, фикр мекунанд, ки хушбахтӣ дороист, пул ҳасту хонаи қасрмонанд. Барои ман ин хушбахтӣ нест. Хушбахтие, ки ман дорам, оилаи солим, соҳибмаълумот ва ду фарзанди дӯстрӯям. Ин аст хушбахтии ман.”

Маркази таҳқиқотии “Шарқ” дар гузашта барои таъйини меъёри хушбахтӣ дар миёни аҳолӣ назархоҳӣ анҷом додааст. Ин марказ мегӯяд, меъёри хушбахтӣ дар миёни афроди синну соли гуногун фарқ дорад. Масалан, дар яке аз назархоҳиҳо аз мӯйсафеде суол кардаанд, ки вай худро оё хушбахт эҳсос мекунад? Мӯйсафед дар посух гуфтааст, вай хушбахт аст, зеро дар вақташ метавонад панҷ вақт намозашро адо кунад.

Музаффар Олимов

Музаффар Олимов

Ҳатто онҳое, ки наздиконашонро дар ҷангҳои дохилии Тоҷикистон аз даст додаанд, худро хушбахт нишон медиҳанд. Музаффар Олимов, раиси маркази таҳқиқотии “Шарқ” мегӯяд, навмедӣ ё худро хушбахт надонистан ба табиати мардуми тоҷик хос нест ва онҳо дар ҳар ҳолат шукргузорӣ мекунанд ва худро хушбахт мешуморанд. “Навмедӣ ё хушбахт набудан ба табиати мардуми мо ба он дараҷа хос нест. Ин тавр нест, ки касе худро хушбахт надонад. Каме ҳам дошта бошад, худро хушбахт меҳисобад. Бо вуҷуди ин, таҳқиқоте, ки анҷом гирифт, нишон медиҳад, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои қашшоқи минтақа шинохта шудааст. Аз байни 187 кишвар Тоҷикистон дар зинаи 127 ҷойгир аст”,-илова кард ӯ.

Дар давраи Шӯравӣ шаҳрвандон бо доштани андак сармоя худро хушбахт мешумориданд. Низоми давр ҳамеша ба онҳо таблиғ мекард, ки зиндагӣ дар кишвари бузурге чун Шӯравӣ хушбахтист. Чунин рӯҳияро то ҷое дар Тоҷикистон ба мерос гирифтаанд ва дар матбуоти расмӣ гоҳо ба назар мерасад, ки мардум зиндагӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлолро барои худ хушбахтӣ медонанд, бо вуҷуди он ки ин зиндагӣ бо мушкилиҳои зиёд ҳамроҳ аст.

Вале солҳои ахир ҷавоби бисёре аз ҷавонон ба ин суол фарқ дорад. Музаффар Олимов мегӯяд, ҷавонон аз муҳити Шӯравӣ огаҳ нестанд ва арзёбиҳои худро доранд: “Насли наве, ки пас аз пошхӯрии Шӯравӣ ба майдон омадааст, ман гумон намекунам, ки ба ин меъёр розӣ бошанд.”

Ҷавонон ҳангоми ҷавоб бештар дурнамо ё ояндаи зиндагии худро дар назар мегиранд. Барои онҳо ин масъала муҳим аст, ки оё онҳо дар оянда метавонанд соҳиби касбу кори хуб шаванд ё хайр.

Баъзе кишварҳо бо назардошти анъанаҳои милливу мазҳабии худ меъёрҳоеро, ки СММ барои хушбахтӣ таъйин кардааст, қабул надоранд. Масалан, меъёри аслии СММ барои хушбахтӣ даромади саронаи аҳолӣ, даромади нохолиси миллӣ ва доштани дороиву сарват ба шумор меравад.

Вале Бутан, кишваре, ки аз мазҳаби буддоӣ пайравӣ мекунад, бо такя ба суннатҳои миллии худ ин меъёрҳоро барои хушбахтӣ зери шакку шубҳа бурдааст. 19-уми июли соли гузашта 68 кишвари дигар аз мавзеъгирии Бутан дар бораи меъёрҳои хушбахтӣ ҷонибдорӣ карданд. Ҳоло дар Ню- Йорк кишварҳои ҷаҳон бори дигар меъёрҳои хушбахтӣ дар ҷаҳонро баррасӣ мекунанд ва натиҷаҳои он рӯзҳои оянда эълон мешавад.

Аз бойгонии "Озодӣ": Оё Шумо хушбахтед?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG