Пайвандҳои дастрасӣ

Лайло Шарифова, овозхони шинохтаест, ки дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон ба сар мебурд. Ӯ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар Узбакистону Озарбойҷон ва Афғонистон ҳам шӯҳрат дошт.

Лайло Шарифова бештар бо сабкҳои эрониву афғонӣ тарона иҷро мекард. Вай дар Тоҷикистон нахустин гурӯҳи эстрадиро бо номи “Гулшан” бунёд гузошта буд.

Ҳоло Лайло Шарифова дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон ба сар мебарад ва ӯро бо номи "Лайло Шарифӣ" мешиносанд. Дар мусоҳибае, ки телефонӣ анҷом додем, нахуст аз ӯ пурсидем, чаро номи худро ҳамон тавр ки дар Тоҷикистон медонанд, нигоҳ надоштааст?

Лайло Шарифова: "Вақте ба Тоҷикистон омадам, Лайло Шарифӣ будам. Баъд аз он муҳаррирони рӯзномаву маҷаллаҳое, ки барои онҳо мақола менавиштам, ба ман гуфтанд, ки мо “Шарифӣ” кам дорем, Шумо “Шарифова” бошед, беҳтар аст. Гуфтам, барои ман фарқ надорад, Шарифова нависед. Аз ҳамон вақт фаъолияти ҳунарию рӯзноманигории ман бо номи “Шарифова” оғоз шуд."

Радиои Озодӣ: Дар он ҷо ба Шумо бо насаби Шарифова шиноснома доданд?

Лайло Шарифова: "На, ба ман бо номи “Шарифӣ” шиноснома доданд, вале дар консертҳоям маро Шарифова эълон мекарданд."

Радиои Озодӣ: Он вақт Шумо барои ин кор шикоят ё мухолифат накардед?

Лайло Шарифова: "На, он замон мухолифат накардам, барои он ки мардон Шарифов буданд, занон Шарифова."

Радиои Озодӣ: Ҳоло дар Олмон аз зиндагиатон розӣ ҳастед?

Лайло Шарифова: "Бале, дар Дюсселдорф зиндагӣ мекунам. Шаҳри хурду зебост. Падарам ҳамеша фикр мекард, ки ман адиб хоҳам шуд. Вале модарам фикр мекард, ки ман мусиқинавоз мешавам. Вақте риштаи мусиқиро дар Тоҷикистон хатм кардам, ҳам адиб шудам ва ҳам овозхон. Чунки муддати зиёде дар маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” қиссанавис будам."

Радиои Озодӣ: Дар Олмон ҳам Шуморо бо номи Лайло Шарифова мешиносанд?

Лайло Шарифова: "Бале, вақте ба Олмон омадам, дар тамоми консертҳоям номи ман ҳамон тавр Лайло Шарифова монд. Вале дар китобҳое, ки чоп кардам, номам Лайло Шарифӣ аст, чун соҳиби панҷ китоб ҳастам. Романи “Насли овора” дар ҳаҷми 700 сафҳа навишта шудааст. Дар китобҳоям ҳама ҷо Шарифӣ аст."

Радиои Озодӣ: Шумо дар чандсолагӣ ба Тоҷикистон омадед ва аз куҷо вориди Тоҷикистон шудед?

Лайло Шарифова: "Ман аз Машҳади Эрон, дар 17-солагӣ омадам."

Радиои Озодӣ: Таҳсилоти донишгоҳиро дар Тоҷикистон гирифтед?

Лайло Шарифова: "Бале, институт (донишкада)-и ҳунарҳои зеборо дар Тоҷикистон тамом кардам."

Радиои Озодӣ: Нахустин таронаатонро дар Тоҷикистон дар ёд доред?

Лайло Шарифова: "Райҳона" буду “Марямҷон” буду... Ҳамин тавр таронаҳои содда..."


Радиои Озодӣ: Дар ҳамон солҳо бо кадом оҳангсозони тоҷик ҳамкорӣ мекардед ва оҳангҳои онҳоро хондаед?

Лайло Шарифова: "Бо Зиёдулло Шаҳидӣ, Фазлиддин Шаҳобов ҳамкории хеле зиёд доштам..."

Радиои Озодӣ: Кадом овозхонҳоро дар ёд доред ва бо онҳо нишасту бархост доштед?

Лайло Шарифова: "Аз он давраҳо Аҳмад Бобоқулов, Шоиста Муллоҷонова, Барно Исҳоқова, Мулук Баҳор... Хонандаҳо зиёд буданд ва, мутаассифона, ҳамаашон дар ёдам нест. Онҳо ҳама хуб буданд ва ман дӯсташон медоштам."

Радиои Озодӣ: Солҳои аввале, ки ба Тоҷикистон омадед, ин кишварро чӣ гуна дарёфтед, чун Шумо аз муҳити дигар, яъне аз Эрон ба Тоҷикистон омада будед?

Лайло Шарифова: "Бори аввал, вақте ки вориди Тоҷикистон шудам, бароям либосҳои тоҷикӣ ҷолиб ба назар расид. Курта ва кӯлоҳҳои чаҳоргӯшӣ. Хеле таваҷҷӯҳи маро ҷалб кард. Ёдам меояд, ки меҳмони Аминҷон Шукӯҳӣ шуда будем. Он ҷо барои ман чою пиёла оварданд. Нӯшидам, ки талх аст, оҳиста зери лаб гуфтам, ки талх аст, қанд нест, ки ман бо қанд бинӯшам. Ҳама хандиданд ва гуфтанд, ки ин ҷо бо қанд чой наменӯшанд. Гуфтам, Шумо чӣ тавр менӯшед, он хеле талх аст. Ҳанӯз ин лаҳза дар ёдам мондааст."

Радиои Озодӣ: Шумо куртаҳои тоҷикиро низ мепӯшидед?

Лайло Шарифова: "Куртаҳои тоҷикиро хеле дӯст медоштам. Куртаҳои гуногун доштам. Ба ман пешниҳод карданд, ки опера хонам, вале ман ба опера нарафтам ва хостам, ки таронаҳои Шарқро бихонам ва хонандаи таронаҳои Шарқ шудам. Мо дар ин гурӯҳи Шарқ 5 нафар будем. Тамарахонум, Ботур Зокиров, Даниел Измайлов, Маҳмуд Эсамбоев буд ва панҷумӣ ман будам. Он чаҳорто даргузаштанд ва ман то ҳоло зинда ҳастам. Ман бо онҳо дар хориҷ консерт медодем. Мо ҳақ доштем дар хориҷ консерт диҳем. Он вақт ба касе иҷоза намедоданд ба хориҷ аз кишвар равад. Вале ба мо иҷоза доданд. Мо “панҷситорагон” ва ба ҳисобе “пуловаранда” будем."


Радиои Озодӣ: Шумо кадом сол аз Тоҷикистон берун рафтед?

Лайло Шарифова: "Аввал ба Озарбойҷон рафтам, чун кори шавҳарам ба Озарбойҷон гузашт. 17 сол дар Тоҷикистон хидмат кардам, поягузори мусиқии муосири Тоҷикистон шудам. Оркестри “Гулшан”-ро таъсис додам. Бо ин оркестр дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ 80 консерт додем. Охирин консерти ман бо оркестри “Гулшан” дар Қасри Кремл буд. “Гулшан”-ро ман ташкил кардам."

Радиои Озодӣ: Кадом сол буд?

Лайло Шарифова: "Соли 1964."

Радиои Озодӣ: Киҳоро ба он даъват кардед?

Лайло Шарифова: "Аз тамоми ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ талаб кардам, ки беҳтарин мусиқинавозон оянд. Беҳтаринҳоро пайдо кардам, 22 ҷавон. Раҳбарии оркестрро бар ӯҳда доштам ва хонандаи аввал низ ман будам. Баъд аз ман хонандаҳои дигаре, ки омаданд, ман хабар надорам, чунки ман ба Озарбойҷон рафтам. Дар он ҷо кормандони радио ва телевизион маро хеле хуб қабул карданд. Дар он ҷо ҳам мехондам ва 17 соли дигар ба Озарбойҷон хидмат кардам. Унвонҳои “Ҳунарманди халқии Озарбойҷон”, “Ҳунарманди халқии Тоҷикистон”-ро гирифтам. Аз ду ҷумҳурӣ унвони халқӣ дорам."

Радиои Озодӣ: Кай аз Озарбойҷон ба Олмон омадед?

Лайло Шарифова: "Шавҳарам дар соли 1982-юм даргузашт. Вай устоди донишгоҳи Боку буд. Ман дигар натавонистам дар он ҷо бимонам ва ба Олмон омадам ва ҳоло дар ин ҷо ба сар мебарам."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG