Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 3 нафар дар тарма ва таҳдиди офатҳои табиӣ


Шумораи кушташудагон дар тармарезии рӯзи 2-юми апрел дар километри 81-уми шоҳроҳи Душанбе-Чанак ба 3 нафар расида ва ду нафар наҷот дода шуданд.

Дар ин тармарезӣ 4 мошини борбардори тамғаи "КамАЗ" зери тарма монд.

Орифҷон Нозимов, сухангӯи Кумитаи холатҳои изтирории Тоҷикистон бо таъийди ин хабар ба «Озодӣ» гуфт, ҳамзамон дар километри 249 шоҳроҳи Душанбе-Ҷиргатол низ 10 метр тармарезӣ шуда ҳаракат дар ин роҳро қатъ кардааст. Талафоти ҷонӣ дар ин тармарезӣ сабт нашудааст.

Оқои Нозимов афзуд, ҳамчунин бар асари резиши боронҳои шадиди ду рӯзи аввали моҳи апрел ва обшавии босуръати захираҳои барфи зимистон, оби рӯдхонаи Сурхоб аз соҳилҳо берун шуда ва дар деҳаи Қиблаии ноҳияи Темурмалик 32 манзили сокинонро қисман тахриб кардааст. Ӯ гуфт, кормандони Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон дар маҳалли ҳодиса ҳузур доранд ва ба мардум кӯмак мерасонанд.

Ҳаракати нақлиёт дар километри 54 то 73-и шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва шоҳроҳи Душанбе-Ҷиргатол, муваққатан бастааст. Бо таъйиди Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, шоҳроҳҳои дигари кишвар феълан боз ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта хабар дода шуда буд, ки бар асари резиши тарма дар километри 81-уми роҳи Душанбе - Хуҷанд як нафар ба ҳалокат расида ва сарнавишти ду нафари дигар номаълум аст.

Як нозири роҳ гуфт, нафари фавтида ва гумшудагон онҳое будаанд, ки ҳангоми фаромадани тарма берун аз мошинҳо қарор доштаанд.

Ронандаҳо мегӯянд, даҳҳо мошини дигар дар маҳаллҳое дармондаанд, ки ба шимол ва ё ҷануб ҳаракат карда наметавонанд. Ба қавли як нозири роҳ, бартараф кардани тарма ду-се рӯз вақт мегирад.

Аз ин пеш резиши тарма дар шаҳри Хоруғ ҳам чандин манзилро хароб карда, ҷони як нафарро гирифт. Ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон дар як ҷаласаи машваратӣ бо аъзои ҳукумат аз паёмади обхезӣ ва барфкӯчҳо ҳушдор дода ва дастур дод, ки барои ҷилавгирӣ аз ин ҳодисаҳо омода бошанд.

Ӯ дар ин ҷаласаи рӯзи 29-уми март гуфтааст, "дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ситоди омодагӣ ва огоҳсозии мардум аз хавфи офатҳои табиӣ" низ таъсис дода шавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG