Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиати ҳомиёни ҳуқуқ ба ҳукумати Тоҷикистон


Як гурӯҳ аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон аз ҳукумат хостаанд, шикояти се нафарро беғаразона таҳқиқ кунад, ки мегӯянд, маъмурони милиса онҳоро бераҳмона азобу шиканҷа кардаанд. Дар муроҷиатномаи эътилофи созмонҳои ғайриҳукуматии зидди шиканҷа омадааст, Искандархон Муртазоев, Бахтовар Қаҳҳоров ва Умедҷон Мирзоев, ки ба дуздии телефон муттаҳам мешудаанд дар додгоҳ шикоят кардаанд, ки маъмурони милисаи ноҳияи Шоҳмансур бо онҳо бадрафторӣ карда ва ба ҳадде задаанд, ки ангушти яке аз онҳо дертар пӯсидааст. Дар баёнияи созмон омадааст, дар бадани аксари онҳо осори калтак ва латукӯб мушоҳида мешавад, агарчӣ маъмурони милиса гуфтаанд, ки ҳеҷ кори баде накардаанд. Дар ин баёния 10 созмони ғайриҳукуматӣ имзо гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG