Пайвандҳои дастрасӣ

Дар фалокати ҳавопаймо 12 нафар зинда мондаанд


Мақомоти Русия мегӯянд, дар фалокати ҳавопаймое, ки имрӯз дар ғарби Сибир суқут кард, 12 нафар зинда монда ва бақия 31 нафари дигар кушта шуданд. Аммо вазъи бозмондагони фалокат вазнин будааст. Ба гуфтаи мақомот, ҳавопаймои ATR-72 сохти Фаронсаву Итолиё баъди муддати кӯтоҳе аз бархостан, суқут кард ва оташ гирифт. Ҳавопаймо аз шаҳри Тюмен озими шаҳри Сургут будааст. То кунун сабабҳои фалокат маълум нест, аммо Utair, ширкати хусусии мутасаддии ҳавопаймо гуфт, ҳавопаймо зимни “фуруди иҷборӣ” дар якуним километрии фурудгоҳи Рошино суқут кард.
XS
SM
MD
LG