Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия нишасти "Дӯстони Сурия"- ро маҳкум кард


Вазорати умури хориҷии Русия, нишасти байналмилалии гурӯҳи мавсум ба “Дӯстони Сурияро” маҳкум карда гуфт, қарорҳои ин нишаст мухолиф ба аҳдофи ҳалли сулҳомези муноқишаи яксола дар Сурия аст. Кишварҳои арабӣ ва ғарбӣ, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи якшанбе ваъда доданд, ки мухолифони Сурияро бо таҷҳизоти мухобиротӣ бо арзиши миллионҳо доллар кӯмак мекунанд ва Шӯрои Миллии Сурияро ба ҳайси намояндаи қонунии мардуми ин кишвар эътироф карданд. Давлати Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия таҳти танқид қарор гирифтааст, ки барномаи пешниҳодии сулҳ дар ин кишварро амалӣ намекунад. Қарор аст, имрӯз Кофӣ Анон фиристодаи вижаи Созмони Милал доир ба вазъи Сурия ба Шӯрои Амният гузориш диҳад. Русия як шарики деринаи Сурия ва таъминкунандаи аслии он бо силоҳ аст.
XS
SM
MD
LG