Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Русия мегӯянд, ки дар пайи суқути ҳавопаймо дар ғарби Сибир сию ду нафар кушта шудаанд.

Ҳавопаймои ATR-72 тавлиди Фаронсаву Итолиё баъд аз бархостан аз фурудгоҳи Тюмен суқут кард ва муҳаррикаш оташ гирифт.

Вазъи бозмондагони фалокат бисёр вазнин арзёбӣ мешавад. Ҳавопаймои мутаалиқи ширкати хусусии “UТair” аз фурудгоҳи Рошчинои Тюмен бархоста озими шаҳри Сургут буд.

“UТair” дар баёнияи расмие гуфт, ҳавопаймо ҳангоми “фуруди иҷборӣ дар якуним километрии фурудгоҳи Рошчино суқут кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG