Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифони Мянмар дар интихобот пирӯз шудаанд


Мухолифони давлат дар Мянмар мегӯянд, дар интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе пирӯз шуданд. Ба гуфтаи мухолифин, аз ҳисоби 45 курсии порлумон, 43 курсӣ насиби онҳо шудааст. Аунг Сан Су Ҷӣ, пешвои мухолифон ва барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел, ки 15 сол дар боздошт буд, дар ҳавзаи интихоботии худ, тақрибан 90 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Ӯ дар ҷараёни ду интихоботи гузашта дар Мянмар дар солҳои 1990 ва соли 2010 дар ҳабси хонагӣ буд ва ҳаққи ширкат дар интихоботро надошт. Ҳизби ӯ Лигаи Миллии Демократӣ дар Мянмар соли 1990 дар интихобот пирӯз шуд, вале низомиёни ҳоким дар ин кишвар, онҳоро ба қудрат роҳ надоданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG