Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳавопаймои Русия бо 43 нафар суқут кард


Мақомоти Русия мегӯянд, дар фалокати ҳавопаймо дар ғарби Сибир 32 нафар кушта шуда ва 11 нафари онҳо зинда мондаанд. Ҳавопаймои ATR-72 тавлиди Фаронсаву Итолиё баъди бархостан аз фурудгоҳи Тюмен суқут кард ва муҳарикаш оташ гирифт. Вазъи бозмондагони фалокат бисёр вазнин арзёбӣ мешавад. Ҳавопаймои мутаалиқи ширкати хусусии “UТair” аз фурудгоҳи Рошчинои Тюмен бархоста озими шаҳри Сургут буд. “UТair” дар баёнияи расмие гуфт, ҳавопаймо ҳангоми “фуруди иҷборӣ дар якуним километрии фурудгоҳи Рошчино суқут кард.
XS
SM
MD
LG