Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Табъи худро чӣ гуна болида мекунед?


Яке аз сокинони Душанбе, ки ба пурсиши "Озодӣ" посух медиҳад.

Яке аз сокинони Душанбе, ки ба пурсиши "Озодӣ" посух медиҳад.

Инсонҳо ҳамеша ниёз ба ғизои маънавӣ доранд ва бо роҳҳои мухталиф рӯҳу равони худро болида мекунанд.

Агар хотири якеро сӯҳбат бо ҳамнишини хуб болида гардонад, дигаре аз ғазали нобу пурмӯҳтавое оромиро дармеёбад.

Барои бархе дар ҳалқаи дӯстону хешу пайвандон будан сарчашмаи оромии рӯҳист ва иддае ҳам барои оромии равони худ ба домани табиат ва ҳавои софу беғаш паноҳ мебаранд.

Саргармӣ бо компютер ва варзиш аз васоили дигари болидарӯҳӣ будаанд, ки бештар ҷавонон ба ин кор майл доранд. Бархеро ҳам мусиқӣ ва он ҳам мусиқии шод, ки инсонро беихтиёр водор ба пойкӯбӣ мекунад, оромии рӯҳӣ мебахшидааст.

Ба қавли баъзе аз сокинон, дар оғӯши гарми фарзандон, ки инсонро аз сахтиҳои рӯзгор дур мекунад, барояшон беҳтарин навъи болидарӯҳист. Дар ин миён ашхосе ҳам ҳастанд, ки танҳо ва танҳо хоб онҳоро аз ғами ин рӯзгори пурташвиш ба дур меандозад ва ором месозад. Иддае ҳам дар лаҳзаҳои сахт ба Худои худ паноҳ мебаранд ва итминони қалбиро дар сайр ба сӯи малакут ва зикри ҳазрати раҳмон ҷустуҷӯ мекунанд.

Шумо, корбарони мӯҳтарам, ороми рӯҳиро чӣ гуна дармеёбед ва рӯҳу равони худро чигуна ғизо мебахшед? Назару пешниҳодҳои худро дар пайи ин матлаб бинависед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG