Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешсафии Аунг Сан Су Ҷӣ дар интихоботи Мянмар


Аунг Сан Су Ҷӣ, раҳбари мухолифони Мянмар

Аунг Сан Су Ҷӣ, раҳбари мухолифони Мянмар

Мухолифони Мянмар мегӯянд, Аунг Сан Су Ҷӣ дар интихоботи рӯзи якуми апрел пирӯзӣ ба даст овардааст.

Натиҷаҳои пешакии интихоботи 1-уми апрели Мянмар ҳокист, ки раҳбари мухолифон Аунг Сан Су Ҷӣ ғолибан вакили парлумон мешавад. Ба гуфтаи мухолифон, бар асоси шумориши орои 82 ҳавза аз 129 ҳавзаи интихоботӣ, Сан Суӣ Ҷӣ бо касби 65 дарсад пешсаф аст.

Дар ин интихоботи миёндавраӣ мубориза барои ҳамагӣ 44 курсӣ аз 664 курсии парлумони Мянмар буд ва пирӯзии раҳбари мухолифин таносуби нирӯҳо дар парлумон ва дар қудратро, ки то ҳол аз сӯи гурӯҳи генералҳои мустаъфӣ назорат мешавад, тағйир намедиҳад.

Аммо баъди чоряк асри ҳукумати низомиҳо ва оғози ислоҳот аз сӯи ҳукумати мулкии таҳти ҳимояти генералҳо ин озодтарин интихобот дар Мянмар (Бурмаи собиқ) буд ва пирӯзии Сан Су Ҷии 67-сола, ки дастикам 15 сол аз 23 соли охири умрашро дар зиндону ҳабси хонагӣ ба сар бурдааст, як нуқтаи атфе дар таърихи ин кишвари Осиёи ҷанубист.

Аунг Сан Су Ҷӣ ҳамагӣ ду сол дошт, ки падари генералаш Аунг Сан – аз асосгузорони давлати Бурма - дар соли 1947 дар натиҷаи сӯъиқасд кушта шуд. Модари ӯ ҳам аз чеҳраҳои саршиноси Мянмар ва дар солҳои 60 сафир дар Ҳинд буд. Сан Су Ҷӣ коллеҷи Оксфордро хатм карда, аз издивоҷаш бо муҳаққиқи фарҳанги Тибет Майкл Арис ду фарзанд дорад.

Ӯ соли 1988 барои аёдати модараш ба Мянмар баргашт, вале баъди кудатои низомиҳо инҷо монд ва Лигаи демократияро таъсис дод. Ин Лига интихоботи соли 1990-ро бурд, вале хунтаи низомӣ пирӯзии ҳизби Сан Су Ҷиро лағв кард ва худи ӯро ба зиндон андохт. Соли 1991 хунта ба ӯ ҳатто иҷозат надод, ки барои дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобел ба Стокҳолм биравад.

Соли 1995 ба Сан Су Ҷӣ иҷозат доданд, ки назди хонаводааш баргардад, вале ӯ радд кард, чунки маълум буд, ки ин “чиптаи яктарафа” аст ва ӯро дубора ба Мянмар роҳ нахоҳанд дод. Ӯ дар Мянмар монд ва ҳатто бо ҷанозаи шавҳараш, ки соли 1999 даргузашт, ширкат карда натавонист. Сан Су Ҷӣ дар ватанаш монд ва баъди силсилаи иборат аз 15 соли боздоштҳову ҳабсҳои хонагӣ ва раҳоияш дар моҳи ноябри соли 2010 акнун барандаи интихобот шуд. Аммо пирӯзии ӯ танҳо баъди таъйиди расмии мақомоти Мянмар, ки амалан таҳти нуфузи низомиҳо боқӣ мемонанд, ниҳоӣ хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG