Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оромтарин моҳ дар Ироқ, ки он ҳам 112 кушта дошт


Дар моҳи март дар Ироқ 112 ироқӣ, бо шумули 78 ғайринизомӣ кушта шудаанд, ки ин пойинтарин мизони ҳалокати ин мардум аз замони шурӯъи ҷанги таҳти раҳбарии Амрико дар соли 2003 ва ду маротиба камтар аз моҳи марти соли қаблӣ будааст. Хунинтарин хушунатҳои моҳ рӯзи 18 март буд, ки дар як силсилаи ҳамлаҳо дар чандин шаҳр 50 тан кушта ва ҳудуди 250 тани дигар захмӣ шуданд. Бағдод дар моҳи март барои бори аввал дар 22 соли охир мизбони нишасти Лигаи Араб ҳам шуд. Хуруҷи нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико моҳи декабр ба поён расид ва масъулияти таъмини амният дар Ироқ пурра ба нирӯҳои маҳаллӣ вогузор шудааст.
XS
SM
MD
LG