Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Маскав мегӯяд, ҳудуди 55 эътирозгарро дар назди Майдони Сурх боздошт кардааст. Мухолифин аз тарафдорони худ хоста буданд, то рӯзи якшанбе бо лентаҳои сафед, ки рамзи ҷунбиши зидди Владимир Путин аст, аз ин майдон гузаранд. Пулис даромад ба майдонро баст, вале наздики 300 нафар дар берун аз Майдони Сурх дастбадаст шиорҳое, чун «Ин шаҳри мост», «Русия озод хоҳад шуд» ва "Русия - бидуни Путин»-ро нидо карданд. Путин аз моҳи май ба ифои давраи севум ва инбор шашсолаи раёсаташ шурӯъ мекунад.
XS
SM
MD
LG