Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Курдистони Ироқ содироти нафтро қатъ кард


Устони мухтори Курдистони Ироқ аз дирӯз бо қатъи содироти нафт давлати марказӣ дар Бағдодро дар напардохтани пули нафт айбдор кард. Вазорати захоири табиии Курдистон гуфт, “10 моҳ боз пуле пардохт нашуда, мақомоти федеролӣ аломате ҳам намедиҳанд, ки ин пулҳо кай мерасанд?”
Курдистон ҳафтае пеш ҳаҷми содироташро 50 000 бушка нафт дар рӯз коҳиш дода, таҳдид кард, ки дар ғайри сурати пардохти 1,5 миллиард доллар ҳаққи ин минтақа аз фаъолияти ширкатҳои хориҷии нафт содироти нафтро пурра қатъ хоҳад кард. Бағдод моҷароро ҳанӯз шарҳ надодааст.
Таниш байни Бағдоду мақомоти курд моҳи октябр, ки Exxon Mobil аз ахзи тавофуқ бар сари истихроҷи нафт аз як кони Курдистон дарак дод, шиддат гирифт. Бағдод ин қарордодро ғайриқонунӣ меномад.
XS
SM
MD
LG