Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифинро намояндаи расмии мардум шинохтанд


Анҷумани Дӯстони Сурия дар Истамбул Шӯрои миллии Сурияро ҳамчун намояндаи машрӯъи тамоми мардуми Сурия эътироф кард. Қатъномаи ин ҳамоиши якрӯза бо иштироки беш аз 60 кишвари Ғарб ва ҷаҳони Араб мегӯяд, дарҳо ба рӯи раисиҷумҳури Сурия Башор Асад низ барои иҷрои тааҳҳудоташ дар чаҳорчӯби тарҳи сулҳи Куфӣ Аннон ҳанӯз баста нест. Аҳли нишаст аз Аннон хостаанд, то ҷадвали замонии иқдомоти баъдиаш, аз ҷумла санаи богашт ба масъалаи Сурия дар Шӯрои Амниятро маълум кунад. Аз нирӯҳои давлатии Сурия ҳам даъват шудааст, то аз итоат ба фармонҳои ғайриқонунӣ ҷиҳати ҳадаф қарор додани афроди мулкӣ сар бипечанд. Русияву Чин ва Эрон дар анҷумани Истамбул ширкат накарданд.
XS
SM
MD
LG