Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Мианмар ба 45 курсии маҷлис соҳиб шуданд


Мухолифони сиёсӣ дар Мианмар мегӯянд, пешвои онҳо ва муборизи демократия Аунг Сан Су Чӣ дар интихоб пирӯз гашт ва соҳиби курсӣ дар порлумон шуд. Узви баландпояи Лигаи миллӣ барои демократия Тин Оо гуфт, бино ба шуморишҳои ғайрирасмии ин ҳизб, барандаи Ҷоизаи Нобел дар ҳавзаи Каҳму, 30-километрии ҷануби Йонгон тақрибан 82 дарсад раъй гирифтааст. Аммо Кумисюни интихоботӣ ҳанӯз натиҷаҳои расмиро эълон накардааст. Раҳбари ҳизби мухолифи демократҳои Мианмар Ю Су Вай гуфт, 45 номзади аҳзоби мухолиф пирӯз гаштаанд ва узви маҷлисе хоҳанд шуд, ки 664 вакил дорад. Аммо ин пешрафт таносуби нерӯҳоро дар кишваре, ки аз тарафи ҳарбиёни бознишаста сарварӣ мешавад, тағйир нахоҳад дод:

"Ин 45 курсӣ дар қиёс бо аъзои дигари порлумон хеле кам аст ва тағйири муҳиме дар порлумон рӯй нахоҳад дод, вале мо соҳиби садои худ дар порлумон шудем.”

Интихобот пас аз чанд моҳи оғози ислоҳоти сиёсӣ аз тарафи ҳокимони ҳарбии кишвар баргузор шуд, то даҳҳо ҷои холӣ дар порлумонро пур кунад. Ҳамзамон ширкати мухолифон дар интихобот барои сулолаи ҳоким як пешрафт дар ислоҳот ба шумор хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG