Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоли барқ дар Тоҷикистон номаҳдуд шудааст


Бо вуҷуди он ки ширкати "Барқи тоҷик" аз поёни реҷаи маҳдуди интиқоли барқ хабар надодааст, шаҳрвандони манотиқи гуногуни Тоҷикистон гуфтанд, сар аз шоми дирӯз барқ дар манзили онҳо шабонарӯзӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки лимити барқ, ки тамоми зимистон дар саросари кишвар ҷорӣ буд, дар моҳи март шиддати бештар касб кард ва ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи панҷшанбе гуфта буд, алҳол наметавонад, реҷаро бекор кунад. Ин хабар ҳам ҷой дошт, ки бо вуҷуди маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон кишвар ба Афғонистон ҳамсоя барқ содир кардааст. Бино бар хабари дигар сар аз имрӯз нархи барқ дар Тоҷикистон 20 дарсад боло хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG