Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон мегӯяд, режими Сурия ваъдахилофӣ кард


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон мегӯяд, режими Сурия, зоҳиран аҳди худро, ки тарҳи сулҳи Созмони Милал ва Лигаи Арабро иҷро хоҳад кард, шикастааст. Ин паёми ӯ дар ҳамоиши “Дӯстони Сурия” дар Истамбул садо дод. Клинтон гуфт, Сурия тарҳи пешниҳодии Кофӣ Анон, фииристодаи Созмони Милал ва Лигаи Арабро иҷро карданӣ нест. Ба эҳтимоли зиёд ин паёми Клинтон ба эълони ахири ҳукумати Сурия бастагӣ дорад, ки аз пирӯзияш бар мухолифон хабар дод ва мегӯяд, танку нерӯҳояшро замоне аз шаҳрҳо хоҳад баровард, ки вазъ дар онҳо одӣ шавад. Хонуми Клинтон ҳамчунин ба ширкаткунандагони ҳамоиши “Дӯстони Сурия” дар Истамбул гуфт, кишвараш мухолифони Сурияро аз василаҳои мухобиротӣ таъмин хоҳад кард ва акнун бояд “нақшаи амалкардҳои сиёсӣ” таҳия гардад.
XS
SM
MD
LG