Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Театри Хоруғ бе "риш" монд


Ҳунарпеша ва ширинкори маҳбуби театри Хоруғ Ҷобир Хубоншоев дар намоишҳои наврўзӣ бо саллаву ҷома, вале бе "риш"-и сафеди дароз ва машҳураш дар саҳна ҳувайдо гашт.

Бархе аз тамошобинон инро тағъйири имиджи санъаткор пиндоштанд, вале таваҷҷўхи иддае аз ашхоси кунҷковро сабаби бе риш мондани Ҷобир ҷалб кард. Ҳунарпеша гуфт, ки ришашро ашхоси номаълум дуздиданд:

«Хандавовар ҳаст, вале ришҳои ман гум шуданд, ё дуздиданд, ё куҷое шуданд, намедонам. Ин ҷо аз кружокҳои худфаъолиятӣ ашхоси зиёде мебиёянд, ки ба мо риш даркор ва ришро гирифта намебиёранд. Ман дар намоишномаи «Орифин»-и коргардон Умед Хусравов нақш бозӣ мекардам, ришҳои хуб доштам, ин ришҳои машҳур ҳанўз аз даврони шўравӣ дар театр маҳфуз монда буданд, вале вақте, ки аз шабакаи аввали ТВТ омада рақси орифонаро ба навор гирифтанӣ шуданд, ришҳоро кофтам, наёфтам. Баъзеҳо механданд, ки ришҳои Ҷобир гум шуданд, вале барои ман ин фоҷиа аст.»

Ба гуфтаи Ҷобир, вай худаш дар зиндагӣ бе риш буданро дўст медорад, вале дар саҳна баръакс, чӣ дар нақшҳои драмавӣ ва чӣ ҳаҷвӣ худро бе риш тасаввур намекунад: «Тамоми бузургони гузаштаи мо Рӯдакиву Саъдиву Ҷомӣ ва Ҳофизу Мавлонои Балхӣ риш доштанд, нақщи онҳоро бе риш бозӣ кардан дуруст намебиёяд. Худи бобоҳои мо бо риш буданд, риш нишонаи сабр, таҳаммул, хирад, салобат, агарчӣ баъзан шояд аломати тазвиру макру фиреб бошад. Масалан, ҳоло мо ба намоишномаи «Мир Саид Алии Ҳамадонӣ» омодагӣ мебинем, вале оё метавон нақши ин шахсияти бузургро бе риш бозӣ кард. Агар бе риш ба саҳна бароӣ, мардум бовар намекунад, ки ин Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ҳаст.»

Роҳбари театри Хоруғ Лангаршо Соҳибназаров мегўяд, ки дарёфти риши нав барои ҳунармандони театр ба мушкили ҷиддӣ табдил шудааст. Зеро мағозаи махсусе вуҷуд надорад, ки битавонанд барои хариди риш ва дигар ашёи лозим барои қиёфаороӣ ба он муроҷиат кунанд. Аммо роҳбари театр ба ҳайси яке аз нақшофарон дар намоишномаи «Ҳамадонӣ» бо истифодаи усули аҷоиб ва камхарҷ мушкилоти ришро барои худаш ҳал кардааст. Вай гуфт: «Клей ё ширеш дар театр надорем, барои ин маҷбур шудам, ки риш монам.»

Мақомот ҳам мушкилоти бе риш мондани ҳунармандони театрро дарк кардаанд. Ба ҷойи кўмаки пулӣ, роҳбари театр ба таври истисноӣ имтиёзи ҳузур дар назди раҳбарон бо риши нотарошидаро дар ҷаласаҳо соҳиб шудааст.

Аммо дар ҳоле, ки оқои Соҳибназаров мехоҳад бо ришҳои табиӣ ба саҳна баромада нақш офарад ва дилпур аст, ки ришҳояшро касе дуздида ва ё канда наметавонад, вале ҳунарпеша Ҷобир Хубоншоев айни ҳол бе риш ба намоишнома тайёрӣ мебинад ва нигарон аст, ки агар рассом ва гримёри театр то рўзи ба саҳна гузоштани намоишнома ришҳои навро барояш сохта натавонад, маҷбур аст нақши орифонаро бе риш бозӣ кунад.

Ҳунарпешагони театр мегўянд, ки ҳангоми иҷрои нақшҳо онҳо на фақат ба камбуди риш, балки нарасидани дигар ашёҳо, ба мисли сипару найза рўбарў шуданд. Роҳбари театр афзуд: «Барои театрҳои халқӣ сипару найза медиҳем, бармегардонанд, аз се тоашон ду тоашон шикастагӣ. Театр мушкилоти зиёд дорад, ба мошин, баландгўяк, либос барои ҳунармандон ва салистон эҳтиёҷ дорем.»

Аммо аз Ҷобир мепурсам, ки айни ҳол мардум дар Бадахшон бештар ба чӣ механданд? Ба гуфтаи ҳунарпеша, дар солҳои қаблии душвори иқтисодиву иҷтимоӣ, мардум бештар механдид ва бовар доштанд, ки бо ханда мушкилоташонро сабук мекунад. Вале ҳоло ҳама ба тиҷорат даст зада, ханда ҳам торафт фаромўш мешавад: «Мардум аз паси зиндагӣ аст, медаванд, мекобанд, меёбанд, рафиқони зиёде дорам, ҳамаашон ба тиҷорат ва савдо машғул, дар фикри пул. Ба онҳо мегўям, ки ба театр биёянд, ханда кунанд, истироҳат кунанд, вале ба назар мерасад, ки вақт надоранд.»

Аз ҳунарпеша хоҳиш мекунам, ки дар рўзи ханда ба шунавандагон латифае тақдим кунад. Ҷобир мегўяд, нафаронеро, ки риши гумшудаашро ёфта бармегардонанд, мукофот интизор аст-латифаи тозае, ки то ба ҳол ба касе нагуфтааст.

Аммо айни ҳол ҳунарпешаи гумкардариш бе риш тамошобинонро механдонад, мегирёнад, панд медиҳад ва ба андеша водор месозаду бовар дорад, ки бо риш таъсир ва ҷаззобияти ҳунараш бештар хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG