Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифон хостори ҷасорати “Дӯстони Сурия” шуданд


Намояндагони зиёда аз 60 кишвари ғарбӣ ва давлатҳои арабӣ дар ҳамоише дар Истамбул аз Сурия тақозо карданд, тарҳи сулҳи Созмони Милал ва Лигаи Арабро бипазирад. Ҷаласаи “Дӯстони Сурия” дар ҳоле баргузор мешавад, ки ҳкумати Сурия аз пирӯзияш бар мухолифон хабар дода ва гуфтааст, танку нерӯҳоро замоне ақиб хоҳад кашид, ки вазъ одӣ шавад. Раҳбари иттиҳоди оппозисюн, мавсум ба Шӯрои Миллии Сурия, Бурҳон Галюн аз ҷомеаи байнулмилал хост, мухолифонро мусаллаҳ кунад. Пеш аз оғози ҳамоиш ӯ гуфт, интизори мавзеъгирии ҷасуронаи “Дӯстони Сурия” аст. Бино бар омори Созмони Милал дар як соли саркӯби тазоҳуроти Сурия, ки бо илҳом аз Баҳори Араб оғоз ёфта буд, 9000 нафар дар ин кишвар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG