Пайвандҳои дастрасӣ

Даҳ узви Анҷумани Давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ё ASEAN мегӯянд, бо мақсади рушди иқтисоди ҷаҳонӣ бо Иттиҳоди Аврупо ҳамкории наздик хоҳанд дошт. Дабири кулли ASEAN, Сурин Путсиван рӯзи якшанбе дар Пномпен гуфт, ба кишварҳои Осиё мушкиле, ки ҳоло дар давлатҳои сарватманд аст, таҳдид мекунад ва бояд роҳҳои нави пешгирӣ аз чунин “сироят” дарёфт шавад. Иттиҳоди Аврупо баъд аз Чин бузургтарин шарики тиҷоратии кишварҳои ASEAN аст, ки аз Бруней, Камбодия, Индонезия, Лаос, Малайзия, Миянмар, Филипин, Сингопур, Таиланд ва Ветнам иборатанд.
XS
SM
MD
LG