Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари даргириҳо миёни артиши Покистон ва шӯришиён дар шимолу ғарби ин кишвар, наздик ба 140 000 тан бeхонумон шудаанд.

Дунё Асламхон, сухангӯи идораи маҳаллии Кумиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон мегӯяд, то рӯзи ҷумъа 140 ҳазор нафар дар урдугоҳи Ҷалузай, дар наздикии Пешовар-маркази вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ сабти ном шудаанд.

Аксари ин паноҳандагон аз минтақаи Бора, воқеъ дар минтақаи қабиланишини Хайбар мебошанд, ки саҳнаи даргириҳо миёни низомиёни Покистон ва чирикҳои ҷонибдори Толибон будааст.

Пештар сухангӯи Кумиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон дар Женева мегуфт, 100 000 нафар ба тарки манзил маҷбур шуда, 63 000 нафари онҳо ба ин урдугоҳ омадаанд.

Нерӯҳои давлатии Покистон аз чандин сол ба ин ҷониб дар Вазиристони Шимолӣ, Вазиристони Ҷанубӣ, дараи Сувот, водии Хайбар ва дигар манотиқи шимолу ғарбии ин кишвар бо Ҳаракати Толибони Покистон дар ҳоли рӯёрӯи қарор доранд. Дар асари ин даргирҳо садҳо низомии покистонӣ ва ҳазорон мардуми мулкӣ ва шибҳи низомиён ҷони худро аз даст додаанд.

Коршиносон мегӯянд, ҳудуди 10 миллион покистонӣ дар асари офатҳои табиӣ ва ҷангҳои чанд соли ахир бехонумон ва овора шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG