Пайвандҳои дастрасӣ

Комёбии каратэчиёни Тоҷикистон дар Туркия


Каратэчиёни Тоҷикистон дар сабқати қаҳрамонии ҷаҳон дар Туркия ду медали тило, се нуқра ва ҳашт биринҷӣ ба даст оварданд. Раиси федерасюни каратэ-дои Тоҷикистон Умархон Мадвалиев, ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, дар ин рақобатҳои навъи шотокан каратэ-до варзишгарони зиёда аз 30 давлат ширкат доштанд. Вай афзуд, бо вуҷуди эътимод ба варзишгарони тоҷик, чунин интизорие набуд, ки онҳо ин гуна комёб мешаванд. Дар мусобиқаҳои охири соли гузашта дар Маскав низ каратэчиёни Тоҷикистон муваффақ гашта, зиёда аз 30 медал оварда буданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG