Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли раҳоии 5 толиби аршад аз Гуантанамо


Як узви Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Иёлоти Муттаҳида ба таври усулӣ ризоият додааст, ки чаҳор ё панҷ узви ҷунбиши Толибонро аз маҳбаси Гуантанамо озод кунад. Исмоили Қосимёр афзуд, Вашингтон дар иваз мехоҳад, аз Толибон дар Қатар замонат гирад, ки озодшудагон ба фаъолиятҳои ошӯбгарона даст нахоҳанд зад. Мақомоти Иёлоти Муттаҳида ин хабарро тасдиқ накардаанд. Озодии афродаш яке аз шартҳои Толибон барои ифтитоҳи дафтари гуфтушунид дар Қатар буд.
XS
SM
MD
LG