Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва ИМА дар Душанбе


Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида дар баробари “таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014” аз мавзӯъҳои асосии мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сардори ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико генерал Ҷеймс Мэттис дар Душанбе буд. Дар ин дидори рӯзи шанбе тарафҳо эълом доштанд, ки хостори таҳкими чунин ҳамкориҳоянд. Генерад Мэттис дар ҷараёни силсиласафараш ба Осиёи Марказӣ пас аз Ишқободу Тошканд аз Душанбе дидан кард.
XS
SM
MD
LG