Пайвандҳои дастрасӣ

Куриёи Ҷанубӣ воридоти нафти Эронро коҳиш медиҳад


Рӯзи 31-уми март Куриёи Ҷанубӣ эълом кард, ки талош дорад, то воридоти нафт аз Эронро коҳиш бидиҳад.

Куриёи Ҷанубӣ аз ҷумлаи он даста воридкунандагони нафт аз Эрон аст, ки то кунун шомили "гурӯҳи имтиёздор"-и таҳримҳои ҷумҳурии исломӣ нашудааст.

Иёлоти Муттаҳида ҳафтаи гузашта эълом кард, ки Ҷопону 10 кишвари аврупоиро ба далели талоши онҳо барои коҳиши хариди нафт аз Эрон, аз таҳримҳои нафтии Вашингтон маоф кардааст. Аммо Чину Куриёи Ҷанубӣ ва Ҳинд шомили ин бахшоиши Амрико қарор нагирифта буданд.

Дар ҳамин замина ба гузориши "Ассошиейтед Пресс", мақомоти вазорати хориҷаи Куриёи Ҷанубӣ интизор доранд, то тобистони ҷорӣ бо Вашингтон бар сари коҳиши воридоти нафт аз Эрон ба тавофуқ бирасанд. Ба назар мерасад, мақомоти Куриёи Ҷанубӣ мехоҳанд бо ин кор то андозае ба воридоти нафти Эрон идома дода ва ҳамзамон шомили муҷозоти Амрико нагарданд.

Рӯзи ҷумъа, 30-юми март, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, баъд аз рӯшан кардани он ки нафти хом дар бозори ҷаҳонӣ кофӣ хоҳад буд ва ба шарикони Амрико осеб нахоҳад расонд, дар пайи татбиқи таҳримҳои зидди Эрон шудааст.

Акнун Иёлоти Муттаҳида бонкҳои хориҷиро, ки дар пардохти пули нафти Эрон саҳиманд, ба хотири муҳосираи бештари бонки марказии Эрон ҳадафи таҳрим қарор хоҳад дод. Ин бонк миёнарави фурӯши тақрибан ҳамаи нафти Эрон аст. Ҷазое, ки Конгресси Амрико ба он дастур додааст ва посух ба гумонҳои талоши бунёди силоҳи ҳастаӣ дар Эрон аст, охири моҳи июн шурӯъ хоҳад шуд. Таҳрими хариди нафти Эрон аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар моҳи июл оғоз меёбад.
XS
SM
MD
LG