Пайвандҳои дастрасӣ

Кумисариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон мегӯяд, зимни даргириҳо байни артиши Покистон ва шӯришиён дар шимолу ғарби ин кишвар наздик ба 140 000 нафар бeхонумон шудаанд. Феълан ин теъдод дар урдугоҳи паноҳандагони Ҷалузай, дар наздикии Пешовар расман сабт гаштаанд. Пештар сухангӯи Кумисариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон дар Женева мегуфт, 100 000 нафар ба тарки манзил маҷбур шуда, 63 000 нафари онҳо ба ин урдугоҳ омадаанд. Нерӯҳои давлати Покистон дар вилояти Хайбар бо ситезаҷӯёни исломӣ дар ҳоли ҷанганд.
XS
SM
MD
LG