Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз маъракаи ҷаҳонии “Соати Замин” барпо мешавад


Созмонҳои зистмуҳитӣ аз мардум ҷаҳон хостаанд, имрӯз дар маъракаи “Соати Замин” ширкат кунанд. Бино ба муқаррароти ин маърака, ки аз соли 2007 ба ин сӯ амалӣ мегардад, ҳама бояд дар хона ё коргоҳаш аз соати 20:30 то 21:30 барои як соат нерӯи барқро хомӯш кунад. Идеяи ин маъракаро дар соли 2007 аввалин бор Бунёди ҷаҳонии табиат ва рӯзномаи “Сидней Ҳералд” дар Австралия пеш гузоштанд. Онҳо аз мардуми ин кишвар хостанд, ба нишони ҳушдор аз тағйири иқлим як соат аз барқ истифода накунанд. Ташаббус дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон пуштибонӣ ёфт. Дар соли гузашта зиёда аз 5200 шаҳр дар 135 давлат дар маъракаи “Соати Замин” ширкат карданд.
XS
SM
MD
LG