Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургтарин бурди толеънома -- 640 миллион доллар


Дар Иёлоти Муттаҳида бузургтарин бурди толеънома ё лотерӣ дар таърихи он ба вуқӯъ пайваст. Толеъномае, ки дар ноҳияи Болтимори иёлати Мериленд ба фурӯш рафтааст, 640 миллион доллар бурид. Мақомот мегӯянд, интизори онанд, рӯшан шавад, ки бурд ба як нафар хоҳад расид ё тақсим хоҳад шуд. Калонтарин бурди гузашта 390 миллион доллар ба ду толеънома дар иёлатҳои Ҷорҷия ва Ню Ҷерсӣ афтода буд. Барандагони лотерӣ дар Иёлоти Муттаҳида бояд аз бурди болотар аз 5000 доллар 25 дарсад андози федерол супоранд.
XS
SM
MD
LG