Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон, генерали амрикоӣ ва тамоси Путин


Дар акс: Эмомалӣ Раҳмон бо генерал Ҷеймс Маттис дар Душанбе. 31-уми марти 2012

Дар акс: Эмомалӣ Раҳмон бо генерал Ҷеймс Маттис дар Душанбе. 31-уми марти 2012

Генерал Ҷеймс Маттис натиҷаи мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро шарҳ надод.

Дар ҳоле ки қарор буд, раиси ситоди марказии нерӯҳои Амрико пас аз анҷоми мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорон низ гуфтугӯ кунад. Аммо масъулони дафтари матбуоти сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе мегӯянд, дар дидору гуфтугӯи Ҷеймс Маттис бо ҷаноби Раҳмон бештар масоили амнияти минтақа баҳс шудааст.

Худи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар оғози мулоқоташ бо генерали амрикоӣ гуфт, кишвараш алоқаманди ҳамкориҳои бештар бо Иёлоти Муттаҳида мебошад. "Тоҷикистон ҳамоно хостори тавсеаи ҳамкориҳо бо кишвари Шумо (Амрико) дар бахшҳои мухталифи амниятӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақа аст",-таъкид кард ӯ.

Ҷаноби Раҳмон гуфт, умедвор аст, ҷониби Амрико низ барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф алоқамандӣ дорад. Торнамои расмии президенти Тоҷикистон ҳам навишт, "...Амрико минбаъд низ кӯмакҳои худро ба нерӯҳои марзбонӣ ва дигар сохторҳои низомию амниятии дахлдори кишвари мо дареғ намедорад. Аҳамияти густариши чунин ҳамкорӣ, хусусан аз соли 2014, ё худ пас аз хуруҷи нерӯҳои посдори сулҳ аз Афғонистон бузург арзёбӣ гардид."

Генерал Ҷеймс Маттис, раиси ситоди марказии нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида, шоми рӯзи 30-юми март вориди Душанбе шуд. Дар гуфтугӯи ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси Кумитаи амнияти миллӣ Саймӯъмин Ятимов ва вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ҳам ширкат доштанд.

Ин сафари генерали амрикоӣ ба Тоҷикистон дар ҳоле иттифоқ уфтода, ки Иёлоти Муттаҳида ва НАТО барои берун бурдани амволи худ аз Афғонистон роҳи муносибе меҷӯянд. Қаблан як корвони санҷишии НАТО аз қаламрави Тоҷикистон гузашта ба сӯи Қирғизистон рафта буд. Қарор аст, нерӯҳои НАТО дар соли 2014-ум Афғонистонро тарк кунанд.



Ҳафтаи гузашта Роберт Блейк, ёвари вазири хориҷаи Амрико, ки дар Душанбе қарор дошт, дидору гуфтугӯҳоеро бо раҳбарияти Тоҷикистон анҷом дод. Дар баробари баррасии масоили Афғонистон Блейк ҳамчунин аз кишварҳои минтақа хост, то аз ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо Эронро канорагирӣ кунанд. Ин изҳороти ҷаноби Блейк ба вокунишҳои мухталиф дар Тоҷикистон рӯ ба рӯ шуд. Бархе аз вакилони порлумони Тоҷикистон гуфтанд, ки кишварашон ба ҳеҷ ваҷҳ ҳамкориҳояш бо Эронро қатъ нахоҳад кард. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, Эрон бо Тоҷикистон аз як сӯ пайванди таърихиву забонӣ дорад ва аз сӯи дигар яке аз сармоягузорони аслӣ, дар баробари Чину Русия, ба иқтисоди заифи ин кишвар мебошад.

Аммо қабл аз мулоқот бо фармондеҳи аршади Амрико, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Владимир Путин, раисиҷумҳури тозаинтихоби Русия, низ гуфтугӯи телефонӣ доштааст. Бино ба хабарҳо, ҷаноби Путин изҳори омодагӣ кардааст, ки барои рафъи паёмадҳои "зимистони мушкил" ба Тоҷикистон кӯмак мекунад. Аммо маълум нест, ки то чӣ ҳад ин гуфтугӯи Владимир Путин ба мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷеймс Маттис рабт дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG