Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархӯрди низомиёни исроилӣ ва фаластиниҳо дар "Рӯзи Замин"


Дар марзҳои миёни Исроилу Фаластин миёни низомиён ва фаластиниҳои ширкаткунандаи ҳамоиши бахшида ба "Рӯзи Замин" бархӯрдҳо ба вуқӯъ пайвастанд.

Дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва дар Байтулмуқаддаси шарқӣ низомиён алайҳи эътирозгарон аз тирҳои резинӣ, гази ашковар ва норинҷакҳои баландсадо истифода карданд. Дар борикаи Ғаза яке аз эътирозгарон аз тири низомиёни исроилӣ маҷрӯҳ шуд.

Фаластиниҳо ҳамасола 30 март дар ҳамоишҳои мавсум ба “Рӯзи Замин” аз шаш арабе ёд меоваранд, ки соли 1976 аз сӯи нерӯҳои амниятии Исроил кушта шуда шуданд. Он вақт фаластиниҳо алайҳи ғасби заминҳояшон аз сӯи Исроил эътироз мекарданд.
XS
SM
MD
LG