Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Маҷористон аз унвони докторӣ маҳрум шуд


Раисиҷумҳури Маҷористон Пал Шмит
Раисиҷумҳури Маҷористон Пал Шмит
Донишгоҳи тиб ва варзиши шаҳри Будапешт раисиҷумҳури Маҷористон Пал Шмитро дар асардуздӣ айбдор кард ва ӯро аз унвони доктори илм маҳрум сохт.

Раиси донишгоҳ Тивидар Тулассай раҳбари кишварро дар он муттаҳам намуд, ки меъёрҳои касбӣ ва одоби илмиро пушти по задааст. Барои аз унвони доктори илм маҳрум кардани раисиҷумҳур 33 узви Шӯрои илми донишгоҳ раъй доданд ва фақат чаҳор нафар ба ин тасмим мухолифат карданд.

Моҳи январ як ҳафтавори иқтисодӣ, чопи Будапешт, раисиҷумҳур Пал Шмитро дар он айбдор намуд, ки бисёр пораҳои рисолаи докторияш зери унвони “Таҳлили барномаҳои Бозиҳои олимпии муосир” аз асарҳои ду донишманди дигар рӯбардор карда шудааст.

Як сол пеш вазири дифои Олмон Карл Теодор су Гуттенберг, ки низ дар асардуздӣ зимни навиштани рисолаи докторӣ айбдор шуда буд, ба истеъфо рафт.
XS
SM
MD
LG