Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаҳои мунтахаби мардонаву занонаи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Дортмунди Олмон ширкат доранд.

Дастаи мунтахаби мардонаи Тоҷикистон дар гурӯҳи “R”-и дивизиони панҷум пас аз натиҷагирии чаҳор даври мусобиқа дар ҷойи дувум қарор гирифтааст.

Ба ҳайати дастаи мардонаи кишвар Инъом Саидов, Афзалхон Маҳмудов, Ҷалил Зоҳирӣ ва Убайдулло Султонов дохиланд. Теннисбозони тоҷик дар се бозӣ бар тимҳои мунтахаби мардонаи Фаластин бо ҳисоби 3:1, Ҷазираи Мэн (Бритониёи Кабир) ва Сйерра-Леоне бо ҳисоби якхелаи 3:0 пирӯз шуданд, вале аз тими Ямайка бо ҳисоби 1:3 мағлуб гаштанд.

Дастаи мардонаи Тоҷикистон дар даври панҷум бо тими Уганда рақобат мекунад.

Тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон бошад, дар гурӯҳи “М”-и дивизиони чаҳорум дар ҳайати Азиза Қориева, Азиза Раҷабова ва Сумайя Амирӣ ҳунарнамоӣ дорад.

Бонувони тоҷик дар бозии аввал бар мунтахаби Либерия бо ҳисоби 3:0 ғолиб омаданд, вале баъдан аз тимҳои Қирғизистон ва Норвегия бо ҳисоби якхелаи 0:3 шикаст хӯрданд.

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон аз бозии даври чаҳорум озод буд ва дар даври панҷум бо тими Ҷазираи Мэн рақобат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG