Пайвандҳои дастрасӣ

Пас аз cуқути шӯравӣ эътиқод ба дин озод шуд ва бо нуфуз пайдо кардани мазҳаб дар кишварҳои Осиёи Миёна, чодару сатр ба унвони арзиши исломӣ низ аҳамият пайдо кард.

Сатру ҳиҷоб дар Тоҷикистон низ ҳатто ба манотиқи кӯҳдомани кишвар, ки дар гузашта бозтару озодтар буд, роҳ ёфт. Маҳкум кардани занҳои бесатр аз маъракаҳо ба ҷомеа ва аз ҷомеа ба хонаводаҳо кӯчид. Аксар ҷавонмардон, ҳатто ҷавонҳои шаҳрӣ модар ва хоҳарони худро маҷбур мекарданд, ки бе сатр ба кӯча набароянд.

Зилола аз духтарҳои шаҳрнишин аст, ки ба пӯшидани либоси исломӣ тарҷеҳ медиҳад ва аз дӯстонаш, ки дар бар либоси аврупоӣ доранд, канораҷӯӣ мекунад.

Ӯ мегӯяд, дар маъракаҳо ё семинару вохӯриҳо аз дидани духтарон ё хонумҳое, ки домани кӯтоҳ доранд нороҳат мешавад ва ҳатман ба онҳо мегӯяд, ки ин либос дар ҷомеаи Тоҷикистон қобили қабул нест ва меафзояд, ки ҳама бояд мисли ӯ либос бипӯшанд: «Ман ҳатман мегӯям, ки хоҳари азиз ин шакли либоспӯшии шумо дуруст нест, зеро зан бояд пӯшида бошад ва аврати исломӣ дошта бошад. Ин ҳарфҳои мо нест, инро Қуръон гуфтааст, зан пӯшида бошад.»

Аммо Зулфия, ки ӯ низ аз духтарони шаҳрнишин аст, баръакс ҳамтоҳои сатрпӯши худро хуш надорад ва мегӯяд ҳама бояд мисли ӯ либос ба бар кунанд: «Охир ин либоси мо нест. Либоси мо як докаи сафедай. Модари ман як докаи сафед дар сараш меандохт. Ҳоло дар кисаҳоямон руймоли калон дорем. Дар ин либоси сиёҳ фақат чашмонаш метобад, ки баръакс назари мардум ба онҳо бештар ҷалб мешавад.»

Аммо як нукта мусаллам аст, ки ин ду гурӯҳ таҳаммулпазир нестанд ва ҳангоми бо ҳам рӯ ба рӯ шудан, сару либоси якдигарро чин дар пешона ва бо теғи нигоҳ маҳкум мекунанд.

Моделерҳои Тоҷикистон, завқи мардум ва талаби бозорро бештар аз дигарон эҳсос мекунанд, мегӯянд, ки дар Тоҷикистон либоси миллӣ вуҷуд дорад, ки ба бар намудани он ҳассосияти хонуми аврупоипӯш ва мазҳабипӯшро барнамеангезад.

Мукаррама Қаюмова, моделери шинохтаи Тоҷикистон мегӯяд, ки ба тозагӣ аз Ҳиндустон баргаштааст ва дар онҷо низ намояндгони ҳар мазҳаб либоси хоси худро доранд, вале «сарӣ» либоси миллии зани ҳинд ҳамчун либоси маъмулие мебошад, ки ҳамаи намояндагони мазҳабу ҷамъиятҳои ин кишвар қабул доранд:

«Ба забони русӣ агар гӯям «золотая серендинка»-и либоси ҳиндуҳо «сарӣ» аст. Сарӣ на ҳасосияти панҷобиро ба вуҷуд меорад ва на сикхҳоро, мо тоҷикҳо даҳҳо навъи ҳамин гуна либоси милии худамон ро дорем. Ман шахсан, даҳҳо шакли беҳтарин либоси миллиро дуруст кардаам, ки дар айни ҳамин баҳсҳо мешавад ба бар кард. Лекин ин масъаларо намешавад дар сатҳи моделейрҳо ҳал кард. Бояд тамоми мақомоти зидахли ҳукумати Тоҷикистон иқдом кунанд.»

Аммо ҷомеъшиносон мегӯянд, Тоҷикистон давлати дунявӣ аз ва ҷомеъ бояд ба таври либоспӯшии мардум ва арзишҳои онҳо таҳаммулпазир бошад.

Маҳмуд Кабирӣ, равоншиноси тоҷик мегӯяд, ки таълими дурусти маърифатӣ дар макотибу донишгоҳҳо, таҳияи барномаҳои ҷолиб дар телевизиону радио, фазои ҷомеаро солим ва эҳсоси номатлуби инсонҳоро нисбат ба якдигар рафъ мекунад.

София Қурбонова, масъули созмони ғайри ҳукуматии «Ситораи умед» мегӯяд, сарфи назар аз чигунагии сарулибос, инсонҳо бояд рафтор ва пиндори нек дошта бошанд. Интихоби сару либос низ бояд ба худи инсонҳо марбут бошад ва ҷомеа бояд ин интихобро таҳаммул кунад:

«Ман метавонам як мисол орам. Ду нафар духтари ҳиҷобпӯшро ба кор гирифтаам. Ба ман мегӯянд, ки ҳама аз инҳо метарсанд боз айни ҳамин ҳиҷобдорҳо дар созмони ту нишастаанд. Охир онҳо ҳеҷ шароити кориро вайрон накардаанд. Вақте ба фоидаи созмон кор мекунанд, бигзор кор кунанд. Ин интихоби онҳост.»

Аксари ҳамсӯҳбатони мо тасдик карданд, ки баҳси либоси аврупои ва исломӣ дар муқоиса бо солҳои пешин коҳиш ёфтааст. Агар ду соли ахир ин баҳсҳо аз ҷомеа ба хонаводаҳо кӯч баста буданд, ҳоло чашми ҷомеа ба ҳарду одат кардааст.

Шаҳло Рӯзиева, донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон мегӯяд, ки вай дугонаҳои зиёди ҳиҷобпӯш дорад. Аммо вақте онҳо оид ба либоси якдигар баҳс кунанд, дугонаҳои ҳиҷобпӯшааш ё куртаи атлас ва ё чакан ба бар мекунанду канори ӯ меоянд. Аксари сокинони кишвар ба либоси милиии тоҷикӣ, ки ҳамеша хоси занони тоҷик буд, арҷ мегузоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG