Пайвандҳои дастрасӣ

Генерал Маттис вориди Тоҷикистон мешавад


Генерал Ҷеймс Маттис

Генерал Ҷеймс Маттис

Генерал Ҷеймс Маттис, раиси ситоди марказии нерӯҳои ИМА, шоми имрӯз вориди Душанбе мешавад. Ба иттилои Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, дар ҷараёни сафари якрӯзаи генерал Маттис мулоқотҳои ӯ бо раҳбарони баландпояи Тоҷикистон тарҳрезӣ шудааст.

Дафтари матбуоти ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи шанбе генерали амрикоиро раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад. Интизор меравад, ки ҷонибҳо масоили марбут ба ҳамкорихои дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА,
вазъи амниятии минтақа ва авзоъ дар Афғонистонро баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG