Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Фаронса 20 гумонбар дар ифротгароиро боздошт карданд


Дар Фаронса имрӯз 20 нафари гумонбар дар робита ба гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ боздошт шуданд. Ба иттилои расмӣ, амалиёти вижаро кормандони хадамоти кашфи дохилӣ бо пуштибонии неӯҳои зудамали полис RAID дар шаҳрҳои Тулуза ва Нант доир карданд.

Дирӯз дар канори шаҳри Тулуза ҷасади Муҳаммад Мераҳ, ки 22 март дар амалиёти полис кушта шудааст, ба хок супурда шуд. Миёнаҳои моҳ ӯ дар шаҳрҳои Монтобан ва Тулуза се низомии фаронсавӣ ва як раббиву се толибилми яҳудиро ҳадафи тир қарор дод.

Айни ҳол кормандони полис бародари Муҳаммад – Абдулқодирро бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамлаҳо дастгир кардаанд ва ҷустуҷӯи дигар шарикони эҳтимолии Мераҳ идома дорад.
XS
SM
MD
LG