Пайвандҳои дастрасӣ

Чӣ гуна НТВ аз "роз"-ҳои сафири ИМА огаҳ шуд?


Майкл Макфол, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Русия

Майкл Макфол, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Русия

Сафири Амрико дар Русия изҳори тааҷҷуб карда, ки чӣ гуна матбуоти Русия аз ҳама барномаҳои ӯ огаҳ мешаванд.

Майкл Макфол дар саҳифаи худ дар "Твиттер" навиштаст, шабакаи телевизионии НТВ ба шакле тавонистааст, ба ҳама иттилооти хусусии ӯ ва барномаи рӯзонаи вай дастрасӣ пайдо карда, ӯро "таъқиб" кунад.

Сафири Амрико дар Маскав, ки ин хабарро рӯзи панҷшанбе дар шабакаи иҷтимоии "Твиттер" нашр кард, гуфт, намедонад дафтари ёддоштҳо ва барномаи рӯзонаи вай чигуна дар ихтиёри ин шабакаи телевизионӣ қарор гирифтааст ва чӣ қонуне ба онҳо чунин корро иҷозат додааст.

Ин дипломати амрикоӣ бо баёни ин, ки бар ҳаққи озодии матбуот ва расонаҳо эҳтиром мегузорад, пурсидааст, оё ин шабакаи хабарӣ ҳаққи инро дорад, ки “е-мейлҳои ӯро бихонад ва телефонҳои ӯро гӯш кунад?”

Лев Пономарёв, як фаъоли ҳуқуқи башари Русия гуфт, вақте сафири Амрико рӯзи панҷшанбе ба созмони онҳо омад, дар назди дарвоза як гурӯҳ, ки либоси казакҳоро ба бар доштанд, худро хабарнигор муаррифӣ намуда ва сафирро 20 дақиқа суолпеч карданд. Майкл Макфаул аз хабарнигорон пурсид, ки чӣ гуна аз омадани ӯ ба инҷо хабардор шуданд, вале ҳеҷ посухе нагирифт.

Ба гузориши хабаргузории расмии Русия Интерфакс, шабакаи телевизионии НТВ дар вокуниш ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ҳузури сареи хабарнигорон дар ҳама ҷоро метавонад ба василаи истифода аз як шабакаи густурдаи хабарчинҳо тавзеҳ дод ва ҳама дар Русия ин мавзӯъро медонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG