Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе шеваҳои маҳви қочоқбарон баррасӣ шуд


Намояндагони 5 кишвар дирӯз дар шаҳри Душанбе роҳҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддири афғониро баррасӣ карданд. Саъдулло Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфт, яке аз мавзӯъҳои баҳси мақомоти Тоҷикистону Афғонистон, Қирғизистон ва Амрикову Русия, тарҳрезии амалиётҳо алайҳи гурӯҳҳои созмонёфти қочоқбар будааст:"Миёни идораҳои зидди маводи мухаддири Афғонистон, Қирғизистон, Русия, Амрико ва Тоҷикистон табодули ахбори оперативӣ дар бораи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хуб ба роҳ монда шудааст. Ин имкон медиҳад, ки нисбат ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноие, ки робитаҳои устувори байнулмилалӣ доранд, ошкор ва аз байн бурда шаванд." Афғонистон бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон маҳсуб мешавад ва Тоҷикистонро яке аз роҳҳои қочоқи ин мавод ба Русия ва Аврупо медонанд.
XS
SM
MD
LG