Пайвандҳои дастрасӣ

"Ҷазои" ҳукумати Эрон ба хабаргузории "Ройтерз"


Ҳукумати Эрон кормандони хабаргузории “Ройтерз” дар Теҳронро аз ҳаққи фаъолият дар кишвар муваққатан маҳрум кардааст, зеро онҳо дар нашри як видео дар бораи духтарони варзишгари эронӣ ба хато роҳ додаанд. “Ройтерз” аввал ба видео дар бораи духтароне, ки ба усули муҳорибаи нинзя машғуланд чунин ном гузоштааст, ки дар Эрон садҳо зани нинзяро ба ҳайси қотил омода мекунанд. Баъдан унвони видеоро тағйир доданд, ки дар Эрон се ҳазор зан нинзя машқ мекунанд. Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон бо раҳбари дафтари “Ройтерз” дар Теҳрон дар тамос шуда ва баъдан аз 11 корманди он хостааст, то иҷозаномаҳояшонро пас бидиҳанд. “Ройтерз” мегӯяд, сардабири хабаргузорӣ масъаларо бо мақомоти Эрон баррасӣ мекунад ва умедвор аст, ин мушкил ҳал хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG