Пайвандҳои дастрасӣ

СММ аз Туркманистон хост, ҳуқуқи инсонро риоят кунад


Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал аз давлати Туркманистон хост, ба ҳуқуқи мардум эҳтиром бигзорад. Кумитаи мазкур баъди баррасии вазъи ҳуқуқи инсон дар Туркманистон дар шаҳри Женева хостааст, то ҳукумат ба мушкили азияти зиндониёну бадрафтории маъмурони амниятӣ, фасод дар низоми додгоҳӣ ва набуди озодии баён ва таъқибу фишор ба хабарнигорон расидагӣ кунад. Агарчӣ Туркманистон ба Паймони байналмилалии риояти ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ соли 1997 пайваста бошад ҳам танҳо 14 сол баъд гузориши худро доир ба риояти ин паймон ба Созмони Милал супурд. Кристер Телин, узви Кумитаи ҳуқуқи инсон агарчӣ ин иқдоми Туркманистонро аломати хубе унвон кард, аммо гуфт:" Ба андешаи ман, мо набояд худро фиреб кунем, зеро тағйири як низоми диктаторӣ ва бахше аз шӯравӣ ба як низоми демократии муосир чизе нест, ки дар як шаб рух диҳад." Намояндаи Созмони Милал ҳамчунин ҳукумати Туркманистонро интиқод кард, ки намегузорад, созмонҳои ғайриҳукуматии байналмилалӣ дар қаламраваш фаъолият кунанд.
XS
SM
MD
LG