Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаъолони мухолифини Белорусро озод карданд


Се фаъоли мухолифи давлати Белорусро, ки пеш аз сафар ба Брюссел ва мулоқот бо намояндагони Иттиҳодияи Аврупо дастгир шуданд, раҳо кардаанд. Ба гузориши бахши белорусии Радиои Озодӣ, шиносномаҳои ҳарсе нафарро барнагардондаанд, то монеъи сафари онҳо ба хориҷ шаванд. Яке аз онҳо Анатолий Лебедко мегӯяд, ӯро бо ду ҳамроҳи дигараш ба авбошӣ муттаҳам карда, 45 доллар ҷарима ситонида ва рӯзи панҷшанбе раҳо кардаанд. Ҳар се нафар дар қатори озими Маскав боздошт шуданд, ки аз ин шаҳр бояд ба Брюссел парвоз мекарданд. Таниш миёни Ҷумҳурии Белорус ва Иттиҳодияи Аврупо моҳи гузашта авҷ гирифт, чун Минск аз сафири Лаҳистону дигар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо хост, кишварро тарк кунанд ва ин кишварҳо низ сафиронашонро аз Белорус фаро хонданд.
XS
SM
MD
LG