Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Озарбойҷон мегӯяд, ба Исроил пойгоҳ надодааст


Ҳукумати Озарбойҷон, гузоришҳоеро рад кард, ки гӯё ба Исроил иҷоза додааст, дар сурати ҳамлаи эҳтимолӣ ба Эрон аз пойгоҳҳои он кишвар истифода кунад. Дар як мақолае маҷаллаи “Foreign Policy” дар Амрико, аз қавли як манобеъе дар ҳукумати Иёлоти Муттаҳида навиштаанд, ки Озарбойҷон, ҳавопаймоҳои Исроилро ба пойгоҳҳояш дар марзи Эрон роҳ додааст. Аммо Алӣ Ҳасанов, намояндаи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Озарбойҷон рӯзи панҷшанбе гуфт, ин навиштаҳо ҳақиқат надоранд ва нерӯҳои хориҷӣ мехоҳанд, миёни Эрону Озарбойҷон ҷанҷол барангезанд. Муносиботи Эрону Озарбойҷон аз як моҳи пеш бад шуд ва баъди он ки гузориш расид, Озарбойҷон аз Исроил бо арзиши як миллиарду 600 миллион доллар аслиҳа харидааст. Исроил, ки Эрони мусаллаҳ бо бомби атомиро хатаре барои худ медонад, гуфтааст, ки ҳақ дорад барои пешгирӣ аз сохти бомби атомӣ дар Эрон, ба ин кишвар ҳамла кунад.
XS
SM
MD
LG