Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Соати бебарқӣ. Ин дафъа барои наҷоти Замин


Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, барои ширкат дар "Соате барои Замин" дастур нагирифтаанд.

Дар маъракаи "Соате барои замин", ки рӯзи 31-уми марти соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд, тӯли як соат дар пойтахти ҳама кишварҳои ҷаҳон барқ комилан хомӯш мегардад. Ҳадаф аз ин иқдом баёни бетафовут набудани сокинони сайёра ба тақдири Замин, вазъи муҳити зист ва сарфа кардани нерӯи барқ будааст.

Нурмуҳаммад Холназаров, як масъули вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, "феълан чунин дастуре мо ба ширкати "Барқи тоҷик" надодаем. Зеро дар ин маврид аз Созмони Милал ва ё ҳукумати Тоҷикистон дастур нагирифтаем."

Ин дар ҳолест, ки сокинони Тоҷикистон дар тӯли шаш моҳи тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор аз бебарқӣ ранҷ мекашанд ва ба ҷои 24 соат дар шабонарӯз ҳамагӣ то 5 соат барқ дарёфт мекунанд. Бархе аз сокинон мегӯянд, як соат хомӯш кардан ё накардани барқ барояшон аҳамияти чандоне надорад. Дар ҳоле ки онҳо ба лимит ва ё маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ одат кардаанд.

Як гурӯҳ аз сокинон ҳатто бо шӯхӣ мегӯянд, ки Тоҷикистон бе иқдоми Созмони Милал низ маъракаи "Соатҳо барои Замин"-ро роҳандозӣ кардааст ва дар минтақаҳо баъзан ба ҷои як соат 23 соат барқро хомӯш мекунад, ки муҳити зисти Замин ҳифз шавад ва нерӯи барқ ҳам сарфа гардад.



Маъракаи "Соате барои замин" ҳар сол шанбеи охири моҳи март баргузор мешавад ва дар шаҳрҳои мухталифи ҷаҳон корхонаву сокинон бо хоҳиши худ як соат тамоми барқро хомӯш мекунанд. Соли гузаштаи 2011-ум дар ин маърака 5 ҳазору 200 шаҳри ҷаҳон ширкат дошт, ки дар натиҷа садҳо милин киловат соат нерӯи барқ сарфа шудааст.

Аз ҷумла бар асоси қарори маҷлиси вакилони халқи Душанбе рӯзи 26-уми марти соли гузашта аз соати 20:30 то соати 21:30 системаи равшанидиҳии шаҳрӣ ва рекламаву ороишоти илюминатсионӣ хомӯш карда шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG