Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

BRICS мехоҳад созмони сиёсӣ ва иқтисодӣ бошад


Мулоқоти раҳбарони BRICS дар Деҳлӣ

Мулоқоти раҳбарони BRICS дар Деҳлӣ

Раҳбарони 5 кишвари дорои иқтисоди дар ҳоли рушд Бразилияву Русия, Ҳиндустону Чин ва Африқои Ҷанубӣ ё BRICS дар мулоқоти худ дар Деҳлӣ ба тавофуқ расиданд, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсии худро густариш диҳанд.

Дар кишварҳои BRICS тақрибан ними аҳолии сайора ба сар мебарад ва аз панҷ як ҳиссаи тавлидоти иқтисодии ҷаҳон ба ин кишварҳо тааллуқ дорад. Раҳбарони ин кишварҳо дар эъломияе, ки рӯзи панҷшанбе дар поёни мулоқоти худ дар Деҳлӣ ба тасвиб расонданд, розӣ шуданд, ки Бонки муштараки рушд ташкил кунанд ва дастрасии шаҳрвандонашон ба сармояи ин бонк бештар шавад. Ин бад-он маъност, ки ин кишварҳо акнун бештар аз ин бонк қарз мегиранд, на аз Бонки Ҷаҳонӣ. Онҳо гуфтаанд, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорати байни ин кишварҳо бояд бо пулҳои миллии худашон анҷом бигирад, на бо доллар ё евро.

Дар бахши сиёсӣ кишварҳои BRICS ҳушдор доданд, ки масъалаи рӯёрӯиҳои Эрон набояд аз роҳи низомӣ ҳал шавад. Онҳо ҳамчунин пешниҳод карданд, ки муноқишаи Сурияро аз роҳҳои сулҳомез ҳал кунанд.

Соли ҷорӣ мизбонии мулоқоти BRICS-ро Манмуҳон Сингҳ-нахуствазири Ҳинд бар ӯҳда дошт. Дар он ҳамчунин Дилма Роуссеф-раиси ҷумҳури Бразилия, Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия, Ҳу Ҷинтао-раҳбари Чин ва Якоб Зума-раҳбари Африқои Ҷанубӣ ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG