Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи шанбе дар ҷаҳон "Соати Замин" пешбинӣ шудааст


31 март дар саросари ҷаҳон “Соати Замин” баргузор мешавад. Соати 20:30 то соати 21:30 барқро дар шаҳрҳои бузург ва нуқтаҳои мухталифи ҷаҳон хомӯш мекунанд. Ҳар сол ин соат дар шанбеи ахири моҳи март баргузор мешавад. Ҳадаф ин аст, ки дар ин соат ҳама дар хонаҳо ва корхонаҳои худ барқро хомӯш кунанд. Масъулини шаҳрдориҳо ва корхонадорон худашон ин корро анҷом медиҳанд, вале дар шабакаҳо интиқоли нируи барқро қатъ намекунанд. Ҳадаф ин аст, ки огаҳии мардумро ба тағири иқлим ва мушкилоти он боло бибаранд. Ин кор дар ҷаҳон аз соли 2007 ба ибтикори Бунёди Ҷаҳонии Табиати вобаста ба СММ то ҳол ҳар сол анҷом мегирад.
XS
SM
MD
LG