Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Л. Занеру бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Душанбе


Рӯзи чаҳоршанбе намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар дидор бо Ламберто Занеру-Дабири кулли САҲА, ки барои ширкат дар конфронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақаӣ барои Афғонистон вориди Душанбе шуда буд гуфтугӯ карданд. Дар ин дидор масоили ҳуқуқи башар, мушкилоти баргузории интихоботи шаффофу озод ва ҳамкориҳои давлат бо ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ матраҳ шуд. Дар ин мулоқот намояндагон аз ду ҳизби мухолифи давлати Тоҷикистон, Ҳизби Наҳзати Исломӣ, Ҳизби Сосиал-Демократ, созмони ҷамъиятии «Ноттабене» ва таҳлилгарони тоҷик ширкат кардаанд.
XS
SM
MD
LG