Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамкории Туркманистон бо Чин дар партоби моҳвора


Мақомоти Туркманистон мегӯянд, ба нақша гирифтаанд, ки соли 2014 мушаки чиноӣ моҳвораи онҳоро ба мадори наздик ба Замин интиқол диҳад ва ин нақша иҷрошуданист. Бино ба гузоришҳо, ин масъала рӯзи панҷшанбе дар Ашқобод дар ҷараёни боздиди як ҳайати чиноӣ баррасӣ шудааст. Моҳи ноябри соли гузашта Қунрбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон ҳангоми боздиди расмӣ аз Пекин ба Чин пешниҳод кард, ки дар иҷрои барномаҳои кайҳониаш саҳм бигирад.
XS
SM
MD
LG