Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бағдод нишасти сарони Лигаи арабро мизбонӣ мекунад


Ҳушёр Зебарӣ, вазири умури хориҷии Ироқ

Ҳушёр Зебарӣ, вазири умури хориҷии Ироқ

Амири Кувайт бори аввал дар 20 соли ахир ба мулоқоти сарони кишварҳои Ҷомеаи Араб ба пойтахти Ироқ рафт.

Дар нишасти Бағдод ба ҷуз аз шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Сабоҳ, инчунин раисиҷумҳури Судон Умар ал-Башир, ки барои ҷиноёти низомӣ мавриди таъқиб қарор дорад ва Бан Кӣ Мун, Дабири кулли Созмони Милал, ширкат мекунанд.

Бағдод дар бист соли ахир бори аввал аст, ки мизбонии чунин нишасти сатҳи олиро бар дӯш дорад. Қарор аст, аҳли нишаст хостори оштии ҷонибҳои даргир дар Сурия шаванд. Аммо онҳо истеъфои раисиҷумҳур Башор Асадро талаб нахоҳанд кард. Ҳушёр Зебарӣ, вазири умури хориҷии Ироқ, ба хабарнигорон гуфт, "интихоби раҳбари кишвар кори мардуми Сурия аст, на кори Ҷомеаи Араб ё каси дигар."

Сурия, ки узвияташ дар Ҷомеаи кишварҳои араб мутаваққиф шудааст, алакай эълом дошт, ки ҳама гуна ибтикори ин нишастро рад хоҳад кард. Нишасти Бағдод дар ҳоле мегузарад, ки ин ҳафта нерӯҳои ҳукуматии Сурия ҳамла ба шаҳрҳои такягоҳи мухолифонро идома доданд, ҳарчанд аз ин пеш Димишқ барои пазируфтани тарҳи пешниҳодкардаи Кофӣ Аннон, фиристодаи вижаи Созмони Милал ва Ҷомеаи кишварҳои араб, изҳори омодагӣ карда буд.

Ин тарҳ оташбас, шурӯи музокироти сиёсии ҳукумату мухолифон ва иҷозаи вуруди ёриҳои созмонҳои башарӣ ба Сурияро дарбар мегирад. Хабарнигори Радиои Ироқи Озод Маҳмуд ал-Робиаӣ гузориш медиҳад, ки авзоъ дар маҳалли баргузории нишаст алҳол ором аст. "Мулоқот дар Кохи ҷумҳурият дар минтақаи Сабз мегузарад, ки минтақаи ҳифзшаванда аст ва то ҳол ягон ҳодисаи машкук рӯй надодааст",-гуфт ӯ.

Як ҳафта пеш шабакаи "Ал-Қоида" дар Ироқ, аз ҷумла, дар рӯ ба рӯи вазорати умури хориҷӣ, чанд ҳамла анҷом дод, ки дар онҳо 50 нафар ба ҳалокат расиданд. Бағдод умедвор аст, ки бо баргузории нишасти сатҳи олии Ҷомеаи кишварҳои араб, Ироқ баъд аз солҳои тӯлонӣ дубора мавқеи калидӣ дар олами арабро ишғол хоҳад кард.

Ироқ дар даврони ҳукумати Саддом Ҳусейн мавриди таҳрими ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошт. Сипас бо шурӯи ҷанги зери фармони НАТО ин кишвар ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ наздик шуд.

Дар нишаст таниши миёни бархе аз кишварҳои арабӣ ва Ироқ эҳсос мешавад, аз ҷумла, Қатар ба нишони эътироз алайҳи таъқиби аққалиятҳои суннӣ аз сӯи ҳукумати иборат аз шиаҳои Ироқ ба нишасти Бағдод як амалдори сатҳи пойинро фиристодааст. Қатар яке аз шаш кишвари Халиҷи Форс аст, ки аз робитаи наздик бо ҳукумати Ироқ барои дӯстияш бо Теҳрон парҳез мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG