Пайвандҳои дастрасӣ

Озарбойҷон хабари дар ихтиёри Исроил гузоштани як пойгоҳи ҳавоияш дар марз бо Эронро рад намуд.

Давлати Озарбойҷон гузориши маҷаллаи "Foreign Policy" дар бораи дар ихтиёри Исроил гузоштани як пойгоҳи ҳавоии ин кишвар дар марзи Эронро такзиб кард. Мақомоти ин кишвар гуфтаанд, хоки Озарбойҷон ба ҳеҷ ваҷҳ ҷои ҳамла ба Эрон нахоҳад буд.

Маҷаллаи "Foreign Policy" рӯзи чаҳоршанбе, 28-уми март, дар гузориши худ бо такя ба қавли чанд мақоми амрикоӣ, ки номе аз онҳо бурда нашудааст, аз тасмими Озарбойҷон барои қарор додани як пойгоҳи ҳавоӣ дар ихтиёри Исроил хабар дод.

Чаҳор дипломати баландпоя ва як мақоми амниятии Амрико дар гуфтугӯ бо ин нашрия иддао кардаанд, ки Озарбойҷон ба Исроил итминон додааст, то имкони дастрасии Телавив ба як пойгоҳи ҳавоии ин кишвар дар марзи шимолии Эронро фароҳам кунад. Ин нашрия ҳадаф аз аз ин иқдомро зикр накардааст.

Дар ҳамин замина як мақоми давлатии Амрико моҳи гузашта (феврал) ба ин нашрия гуфта буд, ки исроилиҳо як пойгоҳи ҳавоии Озарбойҷонро харидаанд. Манобеи расмӣ дар идома гуфтаанд, равобити рӯ ба густариши Исроилу Озарбойҷон нигарониҳои Амрико аз таҳдиди давлати Исроил ба иқдоми низомӣ алайҳи Эронро афзоиш додааст.

Ин ҳамкориҳо, ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, боиси нигаронии давлати Туркия барои манфиатҳои иқтисодии худ дар сурати ҳамла ба Эрон низ шудааст. Мақомоти Туркия дар дидор бо масъулони давлати Амрико ва Озарбойҷон ин мавзӯъро гӯшзад кардаанд.

(Бо такя ба хабари Радиои Фардо таҳия шудааст)
XS
SM
MD
LG